Муҳтавои дилхоҳи шуморо дастрас месозад...

Ҳукумат, ширкат ё омӯзишгоҳи шумо дастрасӣ ба интернетро маҳдуд мекунад?

Масъалаи режимҳои сахтгири дунёро баррасӣ карда, мо ба таври беҳамто барои ба шумо муҳтавои дилхоҳи шуморо дар вақт ва ҷои дилхоҳи шумо дастрас кардан мусоидат кардан мувофиқ мебошем.

...ва кори шуморо бахатар буд мекунад.

Мехоҳед интернетро ҳангоми шабакаҳои ҷамъиятии Wi-Fi-ро истифода бурдан эмин бошед?

Интернети озод хуб аст, аммо cookie-ҳо ва ҳисобҳои рабуда хуб нестанд. Новобаста аз шабакаи барои пайваст шудан истифода мешуда, Psiphon барои шумо ба интернет масири бехатар таъмин мекунад.

Боварӣ, суръат, осонӣ: ҳар се якбора

Аз соли 2008 сар карда, Psiphon ба миллионҳо шаҳрвандони кишварҳои дорои маҳдудияти озодӣ барои дониш ва ақидаҳои аз сензура нагузаштаро дастрас кардан кумак мерасонад. Акнун Psiphon ин корро барои шумо иҷро карда метавонад.

Psiphon чист?

Psiphon асбобе аз ширкати Psiphon Inc. мебошад, ки технологияи VPN, SSH ва HTTP-проксиро истифода бурда, барои шумо ба муҳтавои интернет дастрасии номаҳдуд таъмин мекунад. Нармафзори муштарии Psiphon-и шумо оиди нуқтаҳои нави дастрасӣ ба таври худкор маълумот мегирад, то қобилияти худро барои каноргузаштани сензура тақвият диҳад.

Psiphon барои ба шумо ба муҳтавои интернет дастрасии кушод таъмин кардан таҳия шудааст. Psiphon махфияти шуморо дар интернет тақвият намедиҳад, ва набояд ҳамчун асбоби таъмини амният дар интернет дониста ё истифода бурда шавад.